Анҷумани коммунистҳо бо ҷанҷол поён ёфт

© Flickr \ William MurphyКор бо рӯйхат. Акс аз бойгонӣ
Кор бо рӯйхат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабаби сар задани “ҷанҷоли ҳизбӣ” барои аз ҷойи дуввум аз рӯйхати номзадҳои ҲКТ лағв кардани исми муовини раиси ин ташкилоти сиёсӣ буд.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ҷанҷол дар ахири Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон барои аз рӯйхати номзадҳои ҳизбӣ бардоштани номи Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ сар зад, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Шодӣ Шабдолов, райиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар садри феҳрасти интихоботии ҳизбаш аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ қарор гирифт.Коммунистони вилояти Суғд, ки хостанд номи Талбаков аз ҷойи дуюм дар рӯйхати номзадҳо ба ҳавзаи ҷумҳуриявӣ лағв карда шавад, бо нишони эътироз анҷуманро тарк карданд. 

Ҷаббор Ахмедов, котиби ҲКТ дар вилояти Суғд ба ҷойи дуюм номзадии Қурбонҷон  Мирзоевро пешбарӣ кард. Аммо Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизб муқобил баромад ва ҷанҷол сар зад. Қаблан, моҷарои дохилии ҲКТ дар баҳси матбуотии Ҷаббор Ахмедов ва Исмоил Талбаков, котиби дуюми ҲКТ расонаӣ шуда буд.

Аммо Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ин пешниҳодро қабул накард ва гуфт, Исмоил Талбаков номзади арзанда барои ҷои дуввум аст.

"Комилан мавқеи нодуруст аст. Тамоми Суғд агар овоз диҳад ба мо, як вакил ҳам намегузарад, барои як вакил, 135 ҳазор овоз даркор. Барои ҳамин мо шумораи интихобкунандаҳоро ба назар мегирем, ки Хатлон дар ҷойи аввал ва Суғд дар ҷои дуввум аст. Минтақаҳоро мо албатта дар назар мегирем. Аммо ҳеҷ кас ҷои Исмоил Талбаковро гирифта наметавонад. Мо инро имтиҳон кардем, омӯхтем. Дуюм одам, касе аст, ки лоиҳаҳои қонунро натарсида пешбарӣ кунад",-гуфт Шабдолов.

Исмоил Талбаков бошад қаблан  гуфта буд, Ахмедов бидуни мувофиқа бо роҳбарияти ҲКТ котиби ин ҳизб дар вилояти Суғд таъйин шудааст, ки баъди ин раҳбари коммунистони суғдӣ Талбаковро ба дурӯғбофӣ айбдор кард.  Ҳизби коммунист рӯйхати 10-нафарии номзадҳояшро ба интихоботи парлумонии соли 2015 дар Анҷумани ин ҳизб рӯзи 27-уми декабр тасдиқ карда буд.Аммо баъди моҷаро дар анҷуман рӯйхати даҳнафарии номзадҳои ҳизб, то ба 14 нафар зиёд карда шуд: 

Шодӣ Шабдолов, Исмоил Талбаков, Мирзонаҷот Мирзонаботов (Мастчоҳ), Мубин Маҳмудов (котиби дуввуми ҲКТ дар Суғд), Заррагул Мирҳасанова, Гулчеҳра Ёрматова, Сулҳия Қобилова, Абдулло Хабиров, Алишер Шарипов, Сафаргул Давлатёрова, Маҳмадалӣ Одинаев, Нурулло Шулашев, Меҳроҷ Абдуллоев ва Ихтиёр Ашӯров, номзадҳои ҲКТ аз рӯйхати ҳизбӣ ба ҳавзаи ҷумҳуриявӣ дар интихоботи соли 2015 мебошанд. 

Дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ расман ба қайд гирифта шудаанд- Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ (ҲХДТ), Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), Ҳизби комунистӣ (ҲКТ), Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ), Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), Ҳизби демократӣ (ҲДТ) ва Ҳизби сотсиалистӣ (ҲСТ).

Дар ҳоли ҳозир панҷ ҳизб: халқӣ-демократӣ (ҲХДТ), ки бештари курсиҳои МН соҳиб аст ва роҳбарии онро президент ба зимма дорад, наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ҳизби комунист (ҲКТ), аграрӣ (ҲАТ) ва ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ) дар парлумони кишвар намоянда доранд.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0