Ширкати 30 ҳазор нафар ва 200 техника дар тамриноти низомӣ дар Суғд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкТанки навъи Т-72. Акс аз бойгонӣ
Танки навъи Т-72. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин тамринот ҳамчунин ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони вилояти Суғд, яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ, 200 адад техникаи зиреҳпӯши ҳарбӣ ва неруҳои хушкигард ширкат менамоянд.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар вилояти Суғд бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони минтақа ва бо ширкати беш аз 30 ҳазор нафар тамриноти низомиву тактикӣ оғоз гардида, то 20 август идома меёбанд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар дараи Ромит - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар дараи Ромит

Машқҳои таълимӣ-низомӣ дар се марҳила ва дар тамрингоҳи "Чоруқдарон"-у "Нурафшон" ба таври назариявӣ ва амалӣ ҷараён гирифта, дар ҳар як ноҳия аз захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техника ва лавозимоти барои баргузории маҷмӯъи машқҳои амалиётӣ-тактикӣ зарурӣ истифода мегарданд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомоти ба машқҳо ҷалбгардида ва омӯзиши мавзӯъҳои пешбинишуда, ҳам дар Ситоди муттаҳида ва ҳам дар машқгоҳу минтақаҳои муайяншудаи муҳофизатӣ, таҳти назорати қатъии фармондеҳии вазорати мудофиаи Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар ин тамринот ҳамчунин ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони вилояти Суғд, яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ, 200 адад техникаи зиреҳпӯши ҳарбӣ ва неруҳои хушкигард ширкат менамоянд.

Мақсади аслии баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки тактикӣ сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои гарнизони Суғд, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои низомии мамлакат дар сурати сар задани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, баланд бардоштани руҳияи ҷангӣ, сафарбарии қӯшунҳо дар ростои доир кардани амалҳои ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро ва кӯҳистон унвон мешавад.

Лентаи хабарҳо
0