Боз як инфиҷор дар маҳалли ҳодиса дар Тятнтсзин ба вуқӯъ пайваст

Обуна шудан
Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта бар асари таркиш дар анбори маводҳои моеъи ширкати Ruihai Logistics-и шаҳри Тянтсзини Чин 112 нафар ҳалок шуда, 520 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд, инчунин 112 каси дигар бе ному нишон шудаанд.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар маҳалли таркиш, анбори маводҳои моеъи ширкати Ruihai Logistics-и шаҳри Тянтсзини Чин субҳи рӯзи душанбе боз як таркиш рух дод, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии CCTV.

Таркиш дар Тянтсзин: садҳо захмӣ ва 44 кас қурбон шуданд

"Боз як инфиҷори дигар дар шаҳри Тянтсзин, дар анбори маводҳои моеъ ба мушоҳида расид",- хабар медиҳад шабакаи телевизионӣ. Ба иттилоъи манбаъ, таркиш соати 7:00-и субҳ рух дода, баъди он алангаи оташ ва дуди сафед ба ҳаво хест.

Таркишҳои мудҳиш дар анборҳои маводи кимиёвии бандари Тянтсзини Чин рӯзи 12-уми август рӯй доданд. Ҷойи ҳодиса ба як харобазори бузург табдил гашт, ҳазорон мошинҳову контейнерҳо ва даҳҳо биноҳо сӯхтаву хароб шуданд. Бар асари таркиш дар анбори маводҳои моеъи ширкати Ruihai Logistics-и шаҳри Тянтсзини Чин 112 нафар ҳалок шуда, 520 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд, инчунин 112 каси дигар бе ному нишон шудаанд.

Мақомоти Чин рӯзи шанбе афроди зиёдеро аз манотиқи наздик ба макони фоҷиа ба дигар мавзеъҳо кӯчониданд, зеро хатари тавассути дуду шамол дар гирду канор паҳн шудани заҳрҳои кимиёвӣ мавҷуд аст.

Лентаи хабарҳо
0