Таркиш дар Тянтсзин: садҳо захмӣ ва 44 кас қурбон шуданд

© AP / Ng Han GuanОсебдидагон аз инфиҷор дар Тянтсзини Чин. 13 августи соли 2015
Осебдидагон аз инфиҷор дар Тянтсзини Чин. 13 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омилҳои инфиҷор дар анбор рӯшан нест, аммо ба навиштаи расонаҳо, шояд мушкилоти амниятӣ дар низоми лоҷистикии ширкати Ruihai Logistics сабаб шуда бошад.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бар асари таркиш дар анбори маводҳои моеъи ширкати Ruihai Logistics-и шаҳри Тянтсзини Чин 44 нафар ҳалок шуда, 520 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба навиштаҳои ВАО-и маҳаллӣ.

Дар натиҷаи ин таркиши мудҳиш ҳатто то масофаи 2 км тирезаҳои манзилҳои зист шикаста, бештар аз ҳазор нақлиёти гирду атрофи макони ҳодиса зарар дидаанд.

Омилҳои  инфиҷор дар анбор рӯшан нест, аммо ба навиштаи расонаҳо, шояд мушкилоти амниятӣ дар низоми лоҷистикии ширкати Ruihai Logistics сабаб шуда бошад.

Мутахаассисон ва кормандони Хадамоти оташнишонӣ изҳор доштаанд,  баъд аз таркиши дар маҷмӯъ  се тонна тратил, дарҳол сӯхтор сар задааст. Дар ҷараёни амалиёти оташнишонӣ низ дар ин анбор чанд таркиши дигар ба қайд гирифта шудааст. Бо вуҷуди хомӯш намудани қисми бештари оташ, то ҳанӯз дар бораи  20 корманди Хадамоти оташнишонӣ, ки баъди таркишҳои такрорӣ нопадид гардида буданд, маълумот  дастрас нагардидааст.

Масъулини шаҳри  Тянтсзин дар мавриди дастгир шудани шахсони масъули анбор хабар додаанд. 

Лентаи хабарҳо
0