Ли Ҳиллинг дар Душанбе “Ҷойи мӯъҷизаҳо”-ро муаррифӣ кард

© Sputnik / Амир ИсаевЯке аз боғҳои Душанбе
Яке аз боғҳои Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими муаррифии китоб бо иштироки сафирони Эрон, Фронса, Афғонистон, Олмон, Озарбойҷон, Покистон, Қирғизистон, Украина, Белорус ва намояндаҳои ташкилоту идораҳои давлативу ғайриҳукуматӣ баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Шоми панҷшанбеи 13 август дар шаҳри Душанбе китоби "Ҷойи мӯъҷизаҳо" (A place of miracles)-и Ли Ҳиллинг, раҳбари Институти тиббии Фаронса оид ба кӯдакон муаррифӣ шуд, менависад хабаргузории Озодагон.

Расмии муаррифии китоб, ки аз вазъи беҳдошт ва беморхонаи кӯдакона дар Афғонистон қисса мекунад, дар Маркази Исмоилияи пойтахт сурат пазируфт. Ли Ҳиллинг гуфт, дар китоб аз зиндагии чанд кӯдаке аз хонаводаҳои фақири афғон қисса мешавад, ки гирифтори маризии вазнин буда, бо кӯмаки Шифохонаи Институти тиббии Фаронса дар Кобул бемориашон муолиҷа шуд.

“Масъуди сипаҳсолор” бо хати форсӣ дар Кобул ба чоп расид

Ба қавли Ҳиллинг, беморхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукуматҳои Фаронсаву Афғонистон ва Ташкилоти Оқохон оид ба рушд бунёд шуда, дар он 1600 ҷарроҳии вазнин, аз қабили ҷарроҳии қалб бо муваффақият анҷом шудааст.

Муаллифи "Ҷойи муъҷизаҳо" гуфт, маблағи аз фурӯши китоб бадастомадаро ба Афғонистон медиҳад.

Маросими муаррифии китоб бо иштироки сафирони Эрон, Фаронса, Афғонистон, Олмон, Озарбойҷон, Покистон, Қирғизистон, Украина, Белорус ва намояндаҳои ташкилоту идораҳои давлативу ғайриҳукуматӣ баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0