ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Китоби "Масъуди сипаҳсолор" ба ҳуруфоти форсӣ баргардон ва дар Кобул ба нашр расидааст, менависад "Радиои Озодӣ".
Ин китоб дар бораи сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд ва муборизаҳо вай чун сипаҳсолор дар солҳои ҳуҷуми Иттиҳоди Шӯравии пешин ба Афғонистон ва сипас муборизаҳои вай бар зидди ҷунбиши Толибон, ҳикоят мекунад. Китоб ба қалами Саид Раҳмон, рӯзноманигори тоҷик аз шаҳри Кӯлоб тааллуқ дорад.
Саид Раҳмон дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, баъд аз мутолиаи романҳои "Восеъ" ва "Фирдавсӣ"-и Сотим Улуғзода дар фикри навиштани романе дар бораи корномаи Аҳмадшоҳи Масъуд афтодааст, зеро ба ақидаи вай, сипаҳсолор Масъуд низ аз чеҳраҳои мондагор дар таърих ба шумор меравад.
"Фикр кардам, ки китобро бо ҳуруфоти форсӣ бояд дар Афғонистон ва дар Эрон нашр кунем. Аҳолии Тоҷикистон 8 миллион нафар аст, вале аҳолии Афғонистону Эрон хеле бештар аз Тоҷикистон аст", — гуфтааст Саид Раҳмон.
Ин нависанда мегӯяд, нашри китоб дар Кобул бо кӯмаки Абдулатифи Пидром, шоир ва сиёсатмадори Афғонистон даст додааст.
Саид Раҳмон қабл аз навиштани китоб ба Кобулу Панҷшер сафар кардааст ва бо афсарони баландрутбаву ҳамсангари Аҳмадшоҳи Масъуд мулоқот кардааст.
Дар Тоҷикистон низ бо шахсоне, ки Масъудро мешинохтаанд, аз ҷумла бо генерал Саидамир Зуҳуров, ки бо сипаҳсолор дӯстӣ дошт, барои гирифтани хотироташ сӯҳбат оростааст.
Ҳоло нусхаҳои дарии китоби "Масъуди сипаҳсолор" ба Тоҷикистон наомадааст, вале Саид Раҳмон, муаллифи ин китоб мегӯяд, ки тавассути дӯстонаш онро рӯзҳои наздик дастрас хоҳад кард.