ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар он масъалаи тағйироти кадрӣ, бахусус ивази раҳбари он матраҳ хоҳад шуд, 15 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, омадааст дар хабари сомонаи ин ташкилоти сиёсӣ.
Ин тасмимро аъзои раёсатии олии ҲНИТ дар ҷаласаи паси дарҳои бастаи рӯзи ҷумъа дар қароргоҳи ин ҳизб гирифтанд. Ҷузъиёти дигари ҷаласа то ҳанӯз ошкор нест.
Бо даъвати раиси ҲНИТ, аз 5 то 10 августи соли равон, аъзои Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар Истамбул ҷаласаи Шӯрои сиёсиро баргузор карданд.Дар он нишаст "сиёсати мақомоти давлатӣ нисбат ба ҲНИТ, роҳҳои пешгирӣ аз фишору маҳдудиятҳо ва ислоҳоти эҳтимолии кадрӣ " баррасӣ шуд.
Муҳиддин Кабирӣ, ки баъд аз даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 раҳбари ҲНИТ интихоб шуд, шаш моҳ боз дар Истамбул, пойтахти Туркия ба сар мебарад.