ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба далели таҳдиди амниятӣ бештар аз 70 хонавода аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд, менависад Радиои Озодӣ бо истинод ба Кумитаи муҳоҷирони афғон.
"Ин афрод, ки миёнашон кӯдакону ҷавонон ва мардону занон ва пиронсолон ҳастанд, аз манотиқи мухталифи Азфғонистон, аз ҷумла аз шимол омадаанд",- мегӯяд раиси Маҷмаи "Ориёно" ё Кумитаи муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон Асадулло Ваҳоҷ.
Ба қавли ӯ, ин афрод ба таври қонунӣ ва бо дарёфти визаи консулгариҳо ва ё сафорати Тоҷикистон дар Кобул дохили Тоҷикистон шудаанд ва ҷои нигаронӣ надорад.
Ба иттилои раиси Кумитаи муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон, ҳоло дар маҷмӯъ 3000 гурезаи афғон зиндагӣ дошта, 500 тани дигар паноҳҷӯ мебошанд.