ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Ҷангҷӯёни ҷунбиши "Толибон" шаби якшанбе вулусволии Ҷунд дар вилояти шимолу ғарбии Бадғисро забт карданд, хабар медиҳад Khaama Press.
Ба гуфтаи Баҳоваддин Қудсӣ, раҳбари Шӯрои маҳаллӣ, ниҳодҳои низомиву амниятӣ ба далели кундии таъминоти низомиву фаннӣ натавонистанд ба таҷоҳумгарон муқобала кунанд.
"Толибон дафотири раиси вилоят ва раҳбари пулисро забт карданд. Раиси вилоят ва раҳбари пулис ва бархе аз мақомоти дигар дар рустоҳои наздик панаҳ бурдаанд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони Қудсӣ.
Ба гуфтаи вай, ниҳодҳои амниятии Афғонистон, ки баъд аз даргирӣ бо ҷангҷӯён ба кӯҳистон ақабнишинӣ кардаанд, ба кӯмаки изофӣ ниёз доранд.
Худи ҷунбиши "Толибон" то ҳол хабари забти вулусволиро шарҳ надодаанд.
Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо истинод ба намояндаи мақомоти вилояти Бадғис Мирвайс Мирзоақвол хабар медиҳад, ки дар пайи ҳамлаи толибон шаби гузашта дастикам шаш нафар низомиёни давлатӣ кушта шудаанд. Ба иттилоъи вай, зимни ҳамла ба вулусволӣ дастикам 600 нафар ҷангҷӯён ширкат доштаанд.