Нозирон аз Тоҷикистон ба интихоботи Жогорку Кенеш мераванд

© Sputnik / Амир ИсаевИнтихобот дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Интихобот дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистонро ҳайати нозирони Тоҷикистон низ назорат хоҳанд кард. Теъдоди нозирон аввали моҳи оянда маълум мешавад.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Намояндагони КМИР-и Тоҷикистон аз сӯӣ Кумиҷроияи ИДМ барои назорати омодагӣ ба раванди интихоботи парлумонии Қирғизистон расман даъватнома гирифтааст, иттилоъ медиҳад СА-News бо истинод ба масъули ин ниҳод Абдуманнон Додозода.

"Аз эҳтимол дур нест, ки ҳайати ҷумҳурии моро ба миссияҳои ИДМ, АБП, СҲШ ворид менамоянд",- гуфт вай.

Теъдоди нозирони Тоҷикистон бошад, аввали моҳи оянда маълум мешавад.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар интихоботи парлумонии Қирғизистон 34 ҳизб ширкат менамоянд. То 25 август аҳзоби сиёсиро зарур аст, ки санадҳои марбута, рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ, инчунин гарави интихоботиро дар ҳаҷми 5 миллион соми қирғизӣ супоранд.

Интихоботи навбатӣ ба Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) 4 октябр баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0