ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Маркази ҷадиди ташхсиси тиббӣ, ки бо фанноварии муосири тиббӣ таҷҳизонида шудааст, рӯзи 31 март дар Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард, иброз дошт роҳбари дафтари матбуотии шаҳр Маҳмудҷон Дадабоев аснои сӯҳбат бо оҷонсии Авеста.
Ҷиҳати бунёди ин маркази ташхиси тиббӣ ва харидории таҷҳизот аз Ҷопон, ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ беш аз 1 миллион сомонӣ масраф гардидааст.
Дар маркази тиббӣ 5 дастгоҳи УЗИ, рентген ва дигар фанноварии навини тиббӣ насб гардидааст.
Бояд қайд кард, ки чунин таҷҳизоти муосир дар ҳоли ҳозир фақат дар ин маркази тиббӣ вуҷуд дораду бас ва дар қаламрави вилоят ягона маҳсуб меёбад.
Дар маркази ташхиси тиббии "Тибби Аҷам" баробари табобати 15 намуди муолиҷаи физиотерапевтӣ, хидматрасонии шабонарӯзӣ ва табобати маризиҳои асабу бемориҳои узвҳои дарунӣ ба роҳ монда шудааст. Он барои 48 ҷой пешбинӣ шуда, дар марказ 30 мутахассис фаъолият мекунанд.