ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи равон комиссияи босалоҳият аз маркази вилояти Хатлон ба ноҳия омада, вазъи марзро аз наздик диданд, иброз доштааст раиси ҳукумати Фархор Раъно Мирзоева аснои сӯҳбат бо ОИ TojNews.
"Ягон ташвиш ҷой надорад ва дилхоҳ нафар метавонад аз наздик омада бубинад",- илова кардааст бону Мирзоева.
Ба гуфти вай, мардум метавонанд осуда бошанд, зеро ниҳодҳои амнитиву дифоъии кишвар дар ҳадде тавон доранд, ки ба хубӣ аз ин марзу бум ҳифз карда метавонанд, аммо набояд фаромӯш кард, ки "мо дар минтақаи сарҳадӣ ба сар мебарем, паҳлӯ ба паҳлӯи Афғонистон ҳастем, оё боре шудааст, ки хатаре ба мо таҳдид карда бошад?".
"Танҳо дар ҷамоати Дарқад хатари баланд шудани оби дарёи Панҷ сокинонро безобита кардааст ва масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода низ ба сокинон ҳушдор доданд, ки ба ин дарё камтар наздик шаванд",- афзудааст раиси ноҳияи Фархор.
Маврид ба ёдоварист, тайи чанд рӯзи ахир дар вилояти Тахори Афғонистон, ки бо Фархор ҳаммарз аст, миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангиёни ҳаркати "Толибон" даргириҳои шадид идома дорад. Сокинони Фархори Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтаанд, ки садои тири даргириҳои афғонҳо дар ин сӯи марз низ шунида мешавад ва сокинони наздисарҳадиро ба ташвиш овардааст.