Кобул барои партоби иштибоҳии ду гулӯла аз Тоҷикистон узр пурсид

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкМарзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Афғонистон дар пайи иштибоҳан ба хоки Тоҷикистон партоб шудани ду гулӯла расман аз Душанбе узр пурсидаанд.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Намояндагони Вазорати дифои Афғонистон барои партоби ду гулӯлаи иштибоҳӣ ба хоки Тоҷикистон расман бахшиш пурсидаанд, менависад Радиои Озодӣ бо такя ба як манбаъ дар КДАМ-и ҶТ.

Ҷангиёни Толибон дар роҳ ба сӯи Бағлони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Дарвози Афғонистон даргирӣ бо Толибон идома дорад

"Ин ду гулӯла аз сӯи нерӯҳои низомии Афғонистон дар минтақаи Дарқади вилояти Тахор, ҳаммарзи ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳангоми ҳамла ба гурӯҳи Толибон ҳафтаи пеш партоб шуд",- омадааст дар хабар.

Манбаъ мегӯяд, ҳафтаи гузашта аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон аз силоҳи навъи миномёт ду маротиба наздик ба деҳаҳои наздимарзӣ парронда шуд, аммо аз он касе осеб надид. Пас аз чанд муддат, ҷониби Афғонистон иштибоҳ будани ин тирпарониро шарҳ дода, расман маъзарат хостааст.

"Ин аввалин тирпарронӣ аз он тарафи марз ба сӯи Тоҷикистон дар чанд соли ахир буд",- илова кардааст сарчашмаи хабар.

Мақомоти амниятии вилояти Тахори Афғонистон низ дар ин минтақа сурат гирифтани даргириҳо дар байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибонро тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, ҳоло ҳеҷ хатаре дигар вуҷуд надорад.

Лентаи хабарҳо
0