Имтиёзу сабукиҳои нав барои муҳоҷирони Қирғизистон. Дар Русия

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкДодани аввалин муҷаввизҳои кор дар Маркази воҳиди муҳоҷирати вилояти Маскав. Акс аз бойгонӣ
Додани аввалин муҷаввизҳои кор дар Маркази воҳиди муҳоҷирати вилояти Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамроҳшавии ҷумҳурии Қирғизистон ба созишномаи иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки 8 май дар Маскав ба имзо расид, буду бош ва фаъолият меҳнатии муҳоҷирони қирғизистониро дар қаламрави ФР соддатар месозад.

ДУШАНБЕ. 13 авг — Sputnik. Бо шомил шудани Қирғизистон ба ИИАО зарурати гирифтани иҷозаномаи кор дар Русия барои муҳоҷирини қирғиз боқӣ намемонад, аз ин ба баъд талабот барои ба кор гирифтан ба онҳо ва шаҳрвандони ФР қариб яксон хоҳад буд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба ХФМ.

Ба иттилоъи манбаъ, 12 август созишнома дар бораи пайвастани ҷумҳурии Қирғизистон ба ИИАО (Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё), ки он рӯзи 8 май дар Маскав аз ҷониби президентҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон ба имзо расида буд, мавриди амал қарор гирифт.

Дар Хадамоти муҳоҷирати федералии Русия сабукӣ ва имтиёзҳои пешбинишударо барои муҳоҷирини кишварҳои номбурда дар қаламрави ФР шарҳ доданд.

Шаҳрдори Маскав ташдиди назорати муҳоҷирони ғайримуҷозро дархост кард

Қабл аз ҳама, тавре пештар гуфта шуд, онҳо дар Русия ҳаққи бе муҷаввиз ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шуданро пайдо карданд.

Сониян, мӯҳлати иқомат (буду бош)-и муҳоҷирони қирғизистонӣ дар қаламрави Русия ба созишномаи меҳнатии онҳо бо корфармо вобаста мешавад.

Дар сурати лағви қарордод ва тамом шудани санадҳои марбута тайи 90 рӯзи воридшавӣ шаҳрвандони Қирғизистон ҳуқуқ доранд бе тарки қаламрафи ФР дар муддати 15 рӯз шартномаи нави корӣ банданд.

Севвум, аз 20 июли соли равон муҳоҷирони кишварҳои номбурда, ки барои кор ба Русия меоянд ва хонаводаи онҳо аз сабти ном ва қайди асноди расмӣ дар муддати 30 рӯз озод мебошанд.

Ҳамчунин, шаҳрвандони Қирғизистон агар ба мӯҳлати то 30 рӯз ба Русия сафар карданӣ бошанд, аз хонапру кардани асноди муҳоҷират озод мешаванд.

Ба ҷузъ ин, шеваи эътирофи ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот (таҳсил)-и эшон содда карда мешавад.

"Ҳамакнун, шаҳрвандони Қирғизистон дар моварои бозори меҳнати АвруОсиё корҷӯёни мустақил мебошанд",- қайд карданд дар ХФМ.

Лентаи хабарҳо
0