ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин аз ниҳодҳои интизомӣ ва Идораи федероли муҳоҷират (ИФМ) хост, ки назарот бар муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар пойтахтро тақвият бидиҳанд.
Қавоиди ҷадиди муҳоҷиратӣ, ки аз 1 январи соли 2015 мавриди иҷро қарор гирифт, истифода аз муҷҷавизи корро ба унвони танҳо санаде пешбинӣ кардааст, ки барои кори муҳоҷирон аз кишварҳои бидуни визо дар қаламрави ФР ҳаққ медиҳад.
"Ҳамакнун рӯшан аст, ки чӣ гуна бояд муҷаввиз дарёфт кард, вале на ҳама онро пайдо кардаанд, муҳоҷироне низ ҳастанд, ки ин муқарраротр иҷро накардаанд, бархе аз онҳо иҷозаномаҳои қаблиро доранд, аммо на ҳама барои он маблағ пардохт кардаанд. Ба ин далел ман бар ин назарам, ки замони ташдиди назорат бар муҳоҷирони ғайримуҷоз фаро расидааст. Яъне, мо куллияи муваззафоти худро иҷро кардаем ва ба ин далел аз нерӯҳои пулис ва ИФМ дархост мекунам, ки шаҳрро аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ тоза бикунанд", — гуфт Собянин рӯзи сешанбе дар ҷаласаи шӯрои ҳукумати пойтахт.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки баъд аз роҳандозии муқаррароти ҷадиди муҷаввизи кор воридоти маблағ аз пардохти муҳоҷирон ба будҷа чаҳор маротиба афзоиш ёфтааст.
"Қавоиди ҷадид имкон дод, ки воридот ба будҷаи Маскав аз ҳисоби пардохтҳои муҳоҷирон чаҳор маротиба афзоиш ёбад. Ин натиҷаи аввалияи манфӣ аст, дуввум — имкон дод, ки низоми воҳиди ироъаи аснод, гирифтани изи панҷаҳо, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои мухталиф роҳандозӣ шавад", — таъкид кард шаҳрдор.
Тибқи асноди ин ҷаласа, маблағи воридот ба будҷаи Маскав аз ҳисоби фурӯши муҷаввиз дар нимсолаи аввал 4,7 миллиард рубл шудааст. Ба унвони мисол, дар моҳи июли соли 2015 воридот аз фурӯши муҷаввиз 1,2 миллиард рубл шудааст, ҳарчанд дар моҳи июли соли гузашта ҳамагӣ 300 миллион рубл буд.