Русия ба Қазоқистон мушакҳои зидди ҳавопаймо тақдим кард

© Официальная страница Минобороны Казахстана в FacebookМушакҳои зидди ҳавопаймоҳои навъи С-300ПС, ки Русия ба Қазоқистон эҳдо кардааст
Мушакҳои зидди ҳавопаймоҳои навъи С-300ПС, ки Русия ба Қазоқистон эҳдо кардааст - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мушакҳои зидди ҳавопаймоҳои С-300 ПС барои нобуд кардани ҳадафҳои ҳавоӣ, ки дар баландии миёна парвоз мекунанд, истифода мешаванд.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Вазорати мудофиаи Русия ба гунаи билоиваз ба ҷузву томҳои зидди ҳамлаҳои ҳавоии Қазоқистон панҷ мушаки зидди ҳавопаймои навъи С-300 ПС тақдим кард, менависад сомонаи Вазорати дифои ҶҚ.

Марзбонони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кӯмаки навбатии ИМА ба мақомоти қудратии Тоҷикистон. Ин дафъа $1 млн

Таҷҳизотҳои фаннии низомӣ тариқи қатори роҳи оҳан ба истгоҳи "Жетису", воқеъ дар наздикии Алмаамто интиқол дода шуд.

"Мушакҳои зидди ҳавопаймои С-300 ПС дар тамриноти ҳарбии амалӣ, инчунин аснои муҳофизати фазои Қазоқистон аз душмани эҳтимолӣ истифода мешаванд",- гуфт  фармондеҳи неруҳои ҳавоии артиши ҶҚ Нуржан Муканов.

Мушакҳои зидди ҳавопаймоҳои С-300 ПС барои нобуд кардани ҳадафҳои ҳавоӣ, ки дар баландии миёна парвоз мекунанд, истифода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0