Мавзуна Чориева ба сабқати ниманиҳоии Осиё роҳ ёфт

© AP Photo/Ivan SekretarevМавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ
Мавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар Чин ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, роҳ ёфтанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпӣ.

"Ҳар ду муштзани тоҷик, ки барои худ аллакай медалҳои биринҷиро таъмин намуданд, дар даври ниманиҳоӣ барои роҳ ёфтан ба сабқати ниҳоӣ мубориза мебаранд",- меафзояд манбаъ.

Чориева дар сабқати осиёӣ дар Чин муштзанӣ мекунад

Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Ӯзбакистон ба нимфинал баромад. Дар қувваозмоии ниманиҳоӣ Мавзуна бо муштзани Кореяи Шимолӣ рақобат мекунад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шоира Зулқарнаева бошад, дар вазни зери 64 кило, ки рақиби муғулашро шикаст дод, дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгардухтари Чин вориди рақобат мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон чаҳор варзишгар — Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг) ва мураббиён Ҷамшед Султонов ва Мирзо Шамсиев шомиланд. Зафарова ва Раҳмонзода, ки дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Лентаи хабарҳо
0