ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ба муҳоҷирон дар чорчӯби қонуни нав имтиёзу сабукиҳои зиёд ваъда медиҳанд.
Аз ин ба баъд муҳоҷирини корӣ имкон дорад аз хадамоти ройгони тиббӣ, машварати ҳуқуқӣ ва таҳсил дар ҳунаристонҳои тахассусӣ, инчунин омӯзиши ройгони забони русӣ бархӯрдор шаванд.
"Қонуни нав як чанд навгониро пешбинӣ мекунад. Аммо, қабл аз ҳама, он барои коҳиши раванди муҳоҷирати корӣ нигаронида шудааст",- мегӯяд муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Нурулло Маҳмадуллоев.
Масоили муҳоҷирати аз мушкилоти доғи ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб мегардад, дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ мизони баландӣ бекорӣ мушоҳида мешавад.
Тибқи иттилоъи расмӣ, дар Тоҷикистон 8 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки 2,2 миллион нафар аз онҳо қобили кор ё корманд ҳастанд. Аз ин теъдод, 1 миллиону 800 ҳазор нафар дар хориҷ аз кишвари худ, маъмулан дар Федератсияи Русия кор мекунанд.