Қазоқистон ва Қирғизистон назорати гумрукӣ дар марзро лағв карданд

© Фото : Пресс-служба президента КыргызстанаРуасои ҷамоҳири Қирғизистон ва Қазоқистон дар маросими боз кардани марзи гумрукӣ дар чаҳорчӯби ИИАО
Руасои ҷамоҳири Қирғизистон ва Қазоқистон дар маросими боз кардани марзи гумрукӣ дар чаҳорчӯби ИИАО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими расмии ифтитоҳи марзи гумрукии миёни Қазоқистон ва Қирғизистон дар чаҳорчӯби пазироӣ ба ИИАО дар гузаргоҳи марзии ду кишвар баргузор шуд. Ҳамакнун Тоҷикистон низ шароити пайваст ба ин созмонро пайдо кард.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Назорати гумрукӣ дар марзи Қирғизистон ва Қазоқистон расман аз имрӯз лағв карда шуд, хабар медиҳад сомонаи раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Дар гузаргоҳҳои марзии "Ак-Жол" ва "Кордай" субҳи имрӯз маросими ифтитоҳи марзи миёни ду кишвар баргузор шуд. Руасои ҷумҳури ду кишвар Алмазбек Отамбоев ва Нурсултон Назарбоев дар ин бора тавассути пули телевизионӣ аз маркази фарҳангии "Рух Ордо"-и ба номи Чингиз Айтматов дар вилояти Иссиқ-Кӯл хабар доданд.

Барои ширкат дар ин маросим ахиран Назарбоев вориди Бишкек шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳури Қазоқистон, ҷараёни дидори раҳбарони ду кишвар масоили ҳамгиройии авруосиёгӣ матраҳ шудаанд. Раҳбарони кишварҳо шароити ҷадид ҳамгиройӣ баъд аз пазируфта шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо шумули пуштибонӣ аз ин кишвар дар чаҳорчӯби ИИАО баррасӣ кардаанд.

Ҷаласаи порлумони Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қирғизистон тасвиби асноди пайвастан ба СҲИА-ро анҷом дод

"Равобити миёни Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамеша дар сатҳи баланд қарор доштанд ва пайвастани Қирғизистон ба ИИАО шароитеро фароҳам мекунад, ки додуситади коло, ки ҳоло аз як миллиард доллар бештар аст, афзоиш дода шавад. Лағви назорати гумрукӣ дар марз ба равобити иқтисодии миёни ду кишвар таъсир расонида барои тоҷирон имконоти ҷадиде боз мекунад", — гуфт Назарбоев.

Дар маросими дар гузаргоҳҳои "Ак Жол" ва "Кордай" нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ва муъовини аввали нахуствазири Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев ширкат карданд.

Қирғизистон 9 майи соли 2015 расман ба суфуфи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пазируфта шуд. То ин замон Русия, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон узви ин созмон буданд.

ИИАО — иттиҳоди иқтисодиест, ки дар чаҳорчӯби ҳамгиройии авруосиёгӣ 1 январи соли 2015 бар пояи Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Белорус таъсис дода шуд. Ин созмон шароит фароҳам мекунад, ки миёни кишварҳо маҳсулот, хадамот, маблағҳо ва захойири меҳнатӣ бидуни монеъае ҳамлу нақл шаванд.

Ҳамакнун, ки Тоҷикистон бо кишварҳои ИИАО марзи муштарак пайдо кард, ин кишвар дар оянда метавонад узвият дар ин ниҳодро пайдо кунад.

Лентаи хабарҳо
0