АНМН: дар шимоли Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор буттаи бангдона маҳв шуд

© Sputnik / В. Немировский / Гузариш ба медиабонкБангдона. Акс аз бойгонӣ
Бангдона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурони АНМН Тоҷикистон дар чаҳорчӯби амалиёти “Кӯкнор-2015” амалиёти вижа анҷом медиҳанд. Ахиран, онҳо мазореъи навбатӣ бо бангдонаҳои худрӯйро ошкор карданд.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Маъмурони Агентии назорати маводи нашъадор беш аз 18 ҳазор буттаи бангдона дар навоҳии шимоли кишварро ошкор кардаанд, хабар медиҳад маркази матбуъотии АНММ.

"Дар чаҳорчӯби амалиёти "Кӯкнор-2015" дар мазореъи хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18 590 буттаи бангдонаи худрӯй ошкор карда шуданд", — омадааст дар хабар.

Бангҳои худрӯй нест карда мешаванд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд 22 ҳазор ниҳоли банг нобуд карда шуд

Рустании ошкоршуда дар ҳузури кумиссиюни иборат аз намояндагони ниҳодҳои ваколатдор ва коршиносони кишоварзӣ сӯзонида шуданд, зикр мекунад маркази матбуъотии ин ниҳод.

Амалиёти "Кӯкнор-2015" аз 20 май оғоз ва то 30 ноябр идома меёбад. Таваҷҷӯҳи вижа ба ошкорсозӣ ва маҳви мазореъи рустаниҳои мухаддаротии худрӯй ва таблиғот дар миёни сокинон равона мешавад.

Дар амалиёти мушобеҳи соли гузашта аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 462 килограмм мухаддирот, аз ҷумла 234 килограмм ҳероин забт карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0