Дар Суғд 22 ҳазор ниҳоли банг нобуд карда шуд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкБангҳои худрӯй нест карда мешаванд. Акс аз бойгонӣ
Бангҳои худрӯй нест карда мешаванд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шимоли Тоҷикистон амалиёти “Кӯкнор-2015” идома дорад, зимни он кормандони Агентии назорат аз болои маводи нашъадор даҳҳо адад ниҳоли бангдонаро несту нобуд кардаанд.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд дар чорчӯби баргузории амалиёти "Кӯкнор-2015" беш аз 22 ҳазор бех  ниҳоли банги худрӯй нобуд гардонида шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи АНМН ҶТ.

Ин миқдори зиёди ниҳоли нашъаро кормандони раёсати минтақавии АНМН дар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ошкор намуданд.

"Дар доираи амалиёти "Кӯкнор-2015" ва тибқи иҷроиши Фармон президент  «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир ва пурзӯр намудани мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» дар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Ҷаббор Расулов 22 300 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд",-омадааст дар хабари манбаъ.

Гуфтанист, ин ниҳолҳои нашъа дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0