ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Масоили таҷдиди кадрӣ ва сохтории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар Истамбул аъзои Шӯрои сиёсӣ ба раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ баррасӣ кардаанд, хабар дод ба Sputnik сухангӯйи ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода.
Ин ҷаласа аз 5 то 10 август сурат гирифтааст.
"Қаблан раҳбари ҲНИТ дар номае унвонии Шӯрои сиёсӣ хоҳиш кард, ки дар ҷаласаи вижа масоили мубраме назири омодагӣ ба анҷумани навбатии ҳизбӣ, сиёсати мақомот дар қиболи ҳизб ва роҳҳои рафъи фишор ва маҳдудиятҳо, ислоҳоти кадрӣ ва сохтории ҳизбро баррасӣ карда сипас барои музокирот ба Стамбул ташриф оваранд", — гуфт сухангӯйи ҲНИТ.
Ба гуфтаи вай дар ин дидор мавзӯъи тағйири раҳбарият матраҳ набуд, аммо мавзӯъи интихоби раҳбари ҷадид дар анҷумани навбатӣ, ки дар соли ҷорӣ баргузор мешавад, эҳтимол дорад матраҳ шавад.
Дар ҳамин ҳол раҳбари феълии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ хостааст, ки фаъолияти ҳизб дар чаҳорчӯбаи қавонин идома дода шавад.
Ба Шӯрои сиёсӣ машварат дода шудааст, ки омодагӣ барои баргузории анҷуман ва баррасии масоили ислоҳот дар дохили ҳизбро идома диҳад.