ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Тасмими шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии ҳамчунон боқӣ мондааст ва Муҳиддин Кабирӣ ба ватан барнамегардад, хабар дод ба Sputnik муовини раиси ҳизб Маҳмадалӣ Ҳаит.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон барои раиси ҳизб хатароте вуҷуд доранд ва Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷи кишвар, ки дар он ҷо аз моҳи март бад ин сӯ қарор дорад, барнагардад.
"Шӯрои сиёсӣ тасмим гирифт, ки таҳдидот, фишорҳо дар қиболи аъзо ва бахшҳои ҳизб идома доранд ва ба худи Кабирӣ низ таҳдидҳо воқеъӣ мебошанд. Мо ба вай машварат додем, ки то беҳбуди авзоъ ба кишвар барнагардад. Худи Кабирӣ аз тасмими мо пуштибонӣ карда дар хориҷ аз кишвар бо машварати мо фаъолият мекунад", — гуфт Ҳаит.
Кабирӣ Тоҷикистонро баъд аз интихоботи порлумонӣ тарк кард, ки дар он ҳизби вай 1.6% раъйи мардумро ба даст оварда вориди парлумон нашуд.
Дар чанд моҳи ахир даҳҳо фаъолони ҳизбӣ ва раҳбарони бахшҳои маҳаллии ҲНИТ аз суфуфи ҳизб ихроҷ шуда изҳор доштанд, ки ин ҳизб ба суботи кишвар таҳдид мекунад.
Чанд тан аз аъзои ҳизб ба иттиҳомоти мухталиф аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ боздошт шуданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро дар иртикоби чанд ҷароими марбут ба моликият ва азхудкунии моликияти давлатӣ муттаҳам кард. Додгоҳ хусусисозии як муассиса ва қитъаи замини атрофи он дар шаҳри Душанберо ғайриқонунӣ донист. Гуфта мешавад, ки ин қитъаи замин барои эҳдоси муасиссаи тандурустӣ ихтисос ёфта, вале ғайриқонунӣ аз сӯйи Кабирӣ хусусӣ шудааст.