Бонки марказии Чин юанро дар қиболи доллари ИМА “пойин” бурд

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкЮан. Акс аз бойгонӣ
Юан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Уфти сареъи пули милии Чин эҳтимол дорад ба омодагӣ барои ворид кардани юан ба феҳрасти асъори ҷаҳонии ҷойнишинӣ марбут бошад, изҳор доранд бархе аз иқтисоддонҳо.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Қурби миёнаи табодули доллари ИМА дар қиболи юан дар Чин ҳудуди 2% боло бурда шуд ва чунин тағйири ночиз, вале сареъро дар Бонки мардумии Чин бо тақозои бозор марбут медонанд, омадааст дар сомонаи The People's Bank of China.

Ҳанӯз 10 август арзиши як доллар 6,11 юан буд, вале имрӯз арзиши он то 6,22 боло рафт. Бонк тавзеъ додааст, ки ин амри муваққат аст.

"Феълан шароити байналмиллалии иқтисодӣ ва молӣ сахт печида мебошад. Ба ин тартиб, доллари ИМА тақвият ёфта, ҳамзамон қурби евро ва йенаи ҷопонӣ коҳиш меёбад. Доллар ба куллияи асъори ҷаҳонӣ фишор меоварад ва мо шоҳиди тағйирот дар табодули байналмиллалии маблағҳоро мушоҳида мекунем", — зикр шудааст дар хабари Бонки марказии Чин.

Юан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пули сомониро бо юани чинӣ тақвият медиҳанд

Танзимгари молӣ таъкид мекунад, ки тағйирот дар замони муносиб рух додааст, зеро танзими қурби юан ба манзури мутобиқ сохтанаш бо талаботи бозор зарур аст.

РИА Новости бо истинод ба Bloomberg зикр мекунад, ки ба тасмими Бонки марказии Чин эҳтимол дорад дархост нисбати юан барои шомил кардани вай ба СБП ба унвони арзи эҳтимолии ҷаҳонӣ рабт дошта бошад, изҳор дошт иқтисоддони Commerzbank AG Ҷао Хао.

Гузориш шудааст, ки мақомоти молии Чин изҳор доштанд, ки юани боқудрат ба содирот фишор меоварад. Рӯзи шанбеи гузашта мақомот омори иқтисодӣ дар моҳи июлро эълом карданд. Содироти Чин уфти 8,3% солиёна кардааст, ҳарчанд таҳлилгарон интизори уфти 1% ин нишонӣ буданд.

Дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба далели уфти сомонӣ дар қиболи доллари ИМА мавзӯъи вуруди юан ба иқтисоди кишвар матраҳ аст.

Масъулони бахши молия ва иқтисод дар сададанд доду ситад бо Чинро бо пули юан роҳандозӣ кунанд. Пули миллии Чин дар Тоҷикистон яке аз арзҳои матраҳ мебошад. Қурби онро Бонки миллӣ муқаррар месозад, аммо юан дар бозори нақдии асъор истифода намешавад.

Лентаи хабарҳо
0