ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қасд дорад мушкилоти иқтисодиро якҷо бо бузургтарин бонки Чин China Development Bank (Бонки давлатии Чин) ҳал кунад, изҳор шуд дар дидори раҳбарияти ду бонк дар Душанбе, хабар медиҳад сомонаи БМТ.
Дидори раҳбарони ду бонки бузурги Тоҷикистон ва Чин шоми 18 май баргузор шуд ва дар он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва ҳайъати China Development Bank ба раҳбарии муъовини раиси ин бонк Сиаою Жао ширкат карданд.
"Ба манзури тақвияти ҳамкориҳои миёни ду кишвар Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки барои ҳифзи низоми пардохтӣ ва ҳамзамон барои пуштибонии тиҷорати кӯчак ва муттавасит тавассути созмонҳои қарздиҳӣ ва танзими қурби пули миллии Тоҷикистон ба эътиборот ниёз дорад", — омадааст дар хабар.
Муъовини раиси China Development Bank зикр кард, ки бонк омода аст ба Тоҷикистон миқдори зарурии маблағро ихтисос бидиҳад, зеро миёни ду кишвар солҳост, ки таҷрибаи сармоягузорӣ роҳандозӣ шудааст.
"Феълан бонки мо метавонад то $300 миллиард сармоягузорӣ кунад ва мо метавонем эътибороти ботахфиф пешниҳод бикунем. Ҳадафи сафари мо низ аз ҳамин иборат аст — мо қасд дорем бо иқтисоди Тоҷикистон ошноӣ пайдо бикунем ва пешниҳодоти шумо барои сармоягузиро бишнавем", — зикр кард раҳбари ҳайъати чинӣ.
Бояд зикр кард, ки Чин барои иқтисоди Тоҷикистон тавассути Бонки содиротиву воридотии Чин (China Exim Bank) эътиборот ироъа мекунад. Ин бонк яке аз бузургтарин бонкҳои Чин буда моли ҳукумати марказии Чин дониста мешавад.
Маболиғе, ки аз Чин бо замонати давлати Тоҷикистон қарз гирифта мешаванду дар феҳрасти қарзҳои хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд, ҳамчунин тавассути China Exim Bank ворид мешаванд. Феълан 43% қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба Чин маҳсуб меёбанд. Дар маҷмӯъ қарзи хориҷии Тоҷикистон $2,1 миллиард мебошад.
Дар солҳои наздик сармоягузории Чин ба Тоҷикистон беш аз $3,5 миллиард хоҳад шуд, ки умдатан барои эҳдоси роҳи оҳани Туркманистон-Қирғизистон-Тоҷикистон-Чин ва тарҳҳои дигари дохили кишвар истифода мешаванд.