“Қасри Миллат”-и Душанбе ба феҳрасти 10 кохи беҳтарини дунё шомил гашт

© Foto / wikimedia.orgҚасри Миллат дар Тоҷикистон
Қасри Миллат дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қасри райисҷумҳури Туркманистон низ ба ин феҳрист шомил аст. Кохи Кремли Маскав бошад, дар ин тақсимбандӣ дар ҷои шашум мебошад.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Қасри Миллат, ки дар маркази пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст, тибқи раддабандии торнамои инглисии Theestle.net аз рӯи санъати меъморӣ ба феҳрасти даҳ кохи зебои президентҳои дунё ворид гардидааст.

Дар ин бино қабули меҳмонҳои олирутба аз сӯи райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Ба иттилоъи расида ва раддабандии сайти англисӣ, Кохи Миллат аз рӯи санъати меъморӣ баъд аз Кохи Сафеди Амрико дар ҷои дуввум қарор дорад. Баъд аз Тоҷикистон дар ин раддабандӣ қасри "Оқ Орда"-и Нурсултон Назарбоев ва баъди он кохи Абу Дабӣ ҷой гирифтаанд.

Қасри райисҷумҳури Туркманистон низ ба ин феҳрист шомил аст. Кохи Кремли Маскав бошад, дар ин тақсимбандӣ дар ҷои шашум мебошад.

1/10
Ҷойи даҳум. Кохи райисҷумҳур дар Гана "Flagstaff House"
Лентаи хабарҳо
0