ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Вазъи саломатии Хайриддини Абдулло (Достаков), мазҳабии тоҷик, ки мавриди ҳамлаи афроди номаълум дар Русия қарор гирифт, рӯ ба беҳбудӣ овардааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.
Ӯ шоми 7 августи соли равон дар наздикии метрои "Рязанский проспект"-и шаҳри Маскав, ки манзили зисташ онҷо мебошад, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, бо чанд захми корд ба беморхонаи ба номи Склифосовский интиқол ёфт.
Ҳамзамон, сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав аз сӯиқасди афроди ношинос ба ҷони Хайриддини Абдулло дар Русия шадидан ибрози нигаронӣ карда, аз пулиси Маскав хостанд, ба ин қазия ба сурати оҷил расидагӣ карда, омилони ҳамларо пайдо ва муҷозот кунанд.
Хайриддини Абдулло 30 сол дошта, раҳбарии Кумитаи дини Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русияро бар уҳда дорад. Ин бори дуюм аст, ки ӯ мавриди ҳамла қарор мегирад. Моҳи марти соли 2012 низ Абдуллоев аз сӯи афроди ношинос мавриди латтукӯб қарор гирифта буд.
Ӯ дар мавъизаҳои худ дар масҷиди воқеъ дар хиёбони Мир дар шаҳри Маскав умдатан дар бораи хатароти терроризм ва ифротгароӣ ҳарф зада аз фаъолияти "Давлати исломӣ" шадидан интиқод мекард.