https://sputnik.tj/20150810/1016328669.html
Сӯйиқасд ба ҷони мазҳабии тоҷик дар метрои Маскав
Сӯйиқасд ба ҷони мазҳабии тоҷик дар метрои Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Мазҳабии ҷавони тоҷик, ки дар яке аз масоҷиди шаҳри Маскав вазъ мегуфт, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта аз зарбаҳои корд ҷароҳатҳо бардошт. 10.08.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-08-10T10:28+0500
2015-08-10T10:28+0500
2021-04-19T16:16+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101632/75/1016327524_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_32975b129288940d4738eac248003b3b.jpg
москав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, москав, хайриддини абдулло (достаков), масҷид дар хиёбони мираи шаҳри москав, сӯйиқасд ба ҷони мазҳабии ҷавони тоҷик, ҷанг дар сурия, муҳоҷират, дар русия
дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, москав, хайриддини абдулло (достаков), масҷид дар хиёбони мираи шаҳри москав, сӯйиқасд ба ҷони мазҳабии ҷавони тоҷик, ҷанг дар сурия, муҳоҷират, дар русия
Сӯйиқасд ба ҷони мазҳабии тоҷик дар метрои Маскав
10:28 10.08.2015 (Навсозишуда: 16:16 19.04.2021) Мазҳабии ҷавони тоҷик, ки дар яке аз масоҷиди шаҳри Маскав вазъ мегуфт, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта аз зарбаҳои корд ҷароҳатҳо бардошт.
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ба ҳаёти муҳаққиқи мазҳабии ҷавони тоҷик Хайриддини Абдулло (Достаков) 7 август дар Маскав сӯйиқасд сурат гирифтааст, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Русия.
"Шоми 7 август дар наздикии метрои хиёбони Рязан ба Хайриддин Достаков чанд фарди ношинос ҳамла карда ба ӯ бо корд зарбаҳо заданд", — гуфт ба хабаргузорӣ намояндаи расмии сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод.
Достаков дар ҳолати вахим ба бемористони пажӯҳишгоҳи Склифасовский мунтақил шуд. Дар он ҷо аз вай намояндагони сафорати Тоҷикистон дидан ва бо пизишки навбатдор вазъи ӯро баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи пизишк вазъи вай вахим аст, вале умеди наҷоташ вуҷуд дорад.
Дар вазъгӯиҳои худ дар масҷиди воқеъ дар хиёбони Мир дар Маскав ин мазҳабӣ умдатан дар бораи хатароти терроризм ва ифротгароӣ ҳарф зада аз фаъолияти "Давлати исломӣ" шадидан интиқод мекард.