Дар тирпарронии шабона дар Фергюссон одамон ҷароҳат бардоштанд

Обуна шудан
Раҳпаймоии мардум дар Сент-Луис ва Фергюссон ба хотири солгарди қатли ҷавони 18-солаи афроамрикоиӣ- Майкл Браун идома доранд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Пас аз торик шудани рӯз садҳо нафар эътирозгарон дар кӯчаҳои Фергюссон ҷамъ омаданд, пулис дар ҳолати омодабош ва дифоъӣ қарор дорад.

Дар ҳоли ҳозир вазъ ором арзёбӣ мегардад, ҳарчанд дар тирпарронии шабона ду нафар, аз ҷумла Тайрон Харриси 18-сола захмӣ шуданд. Осебдида дар ҳолати сангин буда, таҳти муроқибати пизишкон аст. Мақомоти интизомӣ бошад, алайҳи ӯ тибқи 10 банди қавонин ҷурм эълон кардаанд.

Раҳпаймоии мардум дар Сент-Луис ва Фергюссон ба хотири солгарди қатли ҷавони 18-солаи афроамрикоиӣ- Майкл Браун идома доранд. Дар аёлат ҳолати изтирорӣ эълом гардида, аҳолӣ ва мақомоти амниятиву интизомӣ чораҳои фаврӣ меандешанд.

Лентаи хабарҳо
0