Падару писар- гумонбарони куштор дар Суғд боздошт гардиданд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкКорманди пулис бо завлона. Акс аз бойгонӣ
Корманди пулис бо завлона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони ВКД гумонбарони оилаи Бобоевҳо, ки панҷ нафарро ташкил медод, дар шимоли Тоҷикистон боздошт шудаанд, тафтиши қазия таҳти назорати масъулини баландпояи вазорат қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Баъд аз ду соли куштори пурсарусадои Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсар ва духтару писаронаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (дар моҳи июни соли 2013) раёсати умури дохилаи вилояти Суғд аз боздошти гумонбарон иттилоъ дод, менависад ОИ Авеста.

"Бо гумони даст доштан дар қатли хонаводаи Бобоевҳо падару писар, сокинони шаҳри Хуҷанд дастгир шудаанд",- иброз доштааст як манбаъ аз ВКД ба хабаргузорӣ.

Рӯзи шанбе гузашта, кормандони ВКД гумонбарон дар қатли оилаи Бобоевҳоро ба хонаи онҳо бурдаанд. Манзили Бобоевҳо аз замони ҳодисаи кушторашон қуфл буд.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳамсар ва келини гумонбаршудагони қазия низ дар бозор ба монанди оилаи Бобоевҳо ба фурӯши тилловорӣ машғул будаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмӣ аз ироаи маълумоти бештар атрофи ин қазия худдорӣ варзида, ҷузъиёти дигари онро ифшо намекунанд.

Рӯзи 2 июни соли 2013 афроди ношиноси мусаллаҳ аз болои девор ба хонаи Аҳмадхӯҷа Бобоев, воқеъ дар канори шаҳраки Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба фурӯши ҷавоҳирот машғул буд, ворид шуда, бо истифода аз силоҳи "Калашников" ӯву ҳамсар ва фарзандонашро ба қатл расонданд.

Баъд аз як рӯзи ҳодиса ВКД иттилоъ дода буд, ки шахсони номаълум бо яроқи оташфишон мусаллаҳ гашта, бо мақсади роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Бобоев Аҳмадхӯҷа Норхӯҷаевич (1973), соҳибкор, ворид шуда, ӯ ва ҳамсараш Бобоева Ҳаётхон Шукуровна, (1974), фарзандони ноболиғаш Бобоева Рухшона Аҳмадхӯҷаевна (1997), хонандаи синфи 9-уми гимназияи №1, Бобоев Сӯҳробҷон Аҳмадхӯҷаевич (1998), хонандаи синфи 8-уми гимназияи №1-ро бо истифода аз яроқи оташфишони тамғаи АКМ-5,45-мм ба қатл мерасонанд.

Баъдан, фарзанди дигари оила- Бобоев Санҷарбек Аҳмадхӯҷаевичи 8-соларо дар ҳаммоми ҳавлӣ маҳкам намуда, дари сандуқи оҳанини дар хонаи истиқоматӣ ҷойгиршударо мешикананд ва тахминан ба маблағи $30 000 ҷавоҳироти тилоиро тасарруф мекунанд.

Ин куштори пурсарусадои хонаводаи Бобоевҳо дар шимоли Тоҷикистон ва саросари кишвар аксариятро такон дода, таҳқиқи қазия зери назари шахсии вазири умури дохила қарор дорад.  

Лентаи хабарҳо
0