ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Аз деҳаҳои Хурк ва Убагини ҷамоати Висхарви ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон 64 хонавода ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кӯчонда мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.
"Дар рустои Чорсадаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара барои ҳар як оила 00,8 га. Қитъаи замин ҷудо карда шуда, бунёди манзилҳои истиқоматӣ оғоз гардидааст",- омадааст дар хабари манбаъ.
Рӯзи 20-уми июли соли равон, бар асари боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаи Висхарв 9 хонаи истиқоматӣ пурра зери об монда, 7 манзили дигар қисман тахриб шуда, хати баландшиддати барқ, роҳи нақлиётгарди деҳа, даҳҳо гектар заминҳову боғот валангор шуданд.
Зимнан, аз ҷодаи асосии ноҳия то мавзеъи офат ҳудуди 6 км ва аз макони ҳодиса то дараи Висхарв 14 км масофа буда, ин роҳ умуман аз истифода берун шудааст. Хатҳои баландшиддати барқ пас аз таъмиру барқарорсозии дубора боз аз кор баромада, манзили сокинони дигари ин манотиқ зери хатари селу обхезӣ қарор доранд.
"Аз ин сабаб, сокинони рустоҳои Хурк ва Убагини ноҳияи Дарвоз ба ҳукумат муроҷиат карданд, ки ба онҳо дар ноҳияи Данғара барои сохтмони манзил замин ҷудо карда шавад",- менависад сарчашма.
Дар ҳамин ҳол, 9 хоҷагии аз офати табиӣ зарардида ва 7 хонаводаи қисман осебдидаи ноҳияи Дарвоз дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара дар хаймаҳо муваққатан ҷо гардида, бо шароити зарурӣ таъмин шудаанд. Дар ин ҷо барои онҳое, ки аз ноҳияи Дарвоз кӯчонида мешаванд, кулли шароит муҳайё буда, мардум ба оби ошомиданӣ, бунгоҳи тиббӣ, мактаб, марказҳои хизматрасониву маишӣ дастрасӣ доранд.