ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар бархе аз манотиқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офатҳои табиӣ такрор ёфта, боиси хисороти ҳангуфт гардиданд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.
Бино ба навиштаи хабаргузории Озодагон бо такя ба манбаъаш дар ҳукумати ин водӣ, субҳи имрӯз дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон дубора сел фаромадааст.
"Фаромадани селоб аз соати ҳафти субҳи имрӯз оғоз шуда, чанд муддат идома ёфт. Ҳозир сатҳи селоб камтар шуда, хатари ҷиддӣ вуҷуд надорад",- иброз доштааст мусоҳиби оҷонсӣ.
Рӯзи 20 июл июл дар ҳамин мавзеъ дар пайи фаромадани сел беш аз 10 гектар замин ва 7 хона тахриб шудаанд.
Дар натиҷаи баланд шудани сатҳи об дар рӯди Хингоб дар қаламрави ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 90 метри роҳе, ки ВМКБ-ро бо пойтахти кишвар тариқи ағбаи Хобу Работ пайваст мекунад, тахриб гардидааст.
Ба гуфтаи манбаъ ин селоб хисороти наверо дар пай надорад, чун сели рӯзи 20-уми июл дар ин қаламрав аллакай хонаю заминҳоро хароб карда буд. Ба навиштаи "Азия Плюс" бо истинод ба дафтари матбуотии КҲФ, дар ҳоли ҳозир 103 метри ҷодаи мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Ҳамзамон, имрӯз дар минтақаи Аличули ноҳияи Мурғоб сел фаромада, як пули мошингузарро комилан аз байн бурдааст.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ошноӣ бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ВМКБ субҳи имрӯз озими Бадахшон гардида, айни замон дар ноҳияи Ванҷ бо сокинони он мулоқот дорад. Хадамоти матбуотии президент мегӯяд, сафари сарвари давлат дар вилоят чор рӯз идома карда, рӯзи 31 июл ба анҷом мерасад.