Баъди ду сол собиқ вазири умури хориҷии ҶТ сафири Ҷопон таъин гардид

© Sputnik / Эдуард Песов / Гузариш ба медиабонкҲамроҳхон Зарифӣ. Акс аз бойгонӣ
Ҳамроҳхон Зарифӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаноби Зарифӣ моҳи ноябри соли 2013, баъд аз интихоботи президентӣ, дар пайи ба истеъфо рафтани ҳукумати Тоҷикистон курсии худро дар ихтиёри Сироҷиддин Аслов гузошт ва баъд аз он мақоми давлатӣ нагирифта буд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори кишвар дар Ҷопон таъин шуд, менависад сомонаи президент.

Дар ин бора фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10 август нашр шуд ва ба иттилоъи манбаъ, ӯ дар ин мақом Ғуломҷон Бобозодаро иваз кардааст.

Нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: нахуствазири Ҷопон аз Тоҷикистон дидан мекунад

Ҳамзамон, тибқи фармони дигари президент Файзулло Холбобоев сафири нави Тоҷикистон дар Украина таъин гардидааст. То ин вақт Шӯҳрат Султонов Тоҷикистонро дар Украина намояндагӣ мекард ва Файзулло Холбобоев намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ, Намояндаии доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё буд.

Маврид ба тазаккур аст, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ баъди ду соли барканорияш аз мақоми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мансаби дипломатӣ гирифт. То ҳол матбуоти дохилӣ эҳтимоли сафири Тоҷикистон дар Чин таъин шудани ӯро тахмин мезаданд.

Ҷаноби Зарифӣ моҳи ноябри соли 2013, баъд аз интихоботи президентӣ, дар пайи ба истеъфо рафтани ҳукумати Тоҷикистон курсии худро дар ихтиёри Сироҷиддин Аслов гузошт ва баъд аз он мақоми давлатӣ нагирифта буд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ аз соли 2006 то 2013, тайи 7 сол вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Лентаи хабарҳо
0