Расонаҳо: нахуствазири Ҷопон аз Тоҷикистон дидан мекунад

© Sputnik / Михаил КлиментьевНахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ. Акс аз бойгонӣ
Нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои бори нахуст дар нӯҳ соли ахир раҳбари ҳукумати Ҷопон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан мекунад ва гуфта мешавад, ки ин сафар тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақаро ҳадаф дорад.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ дар моҳи август бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон дидан мекунад, хабар медиҳад 12news.uz бо истинод ба рӯзномаи ҷопонии "Ёмиури симбун".

Ба иттилоъи расонаҳо, ин сафар дар чорчӯби дидор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад, ки дар ҷараёни он Абэ ҳамчунин аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбfкистон низ дидан мекунад.

"Ҳадафи аслии сафари Абэ тақвияти равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки аз манобеъи ғании газ, нафт ва бойигарии дигари табиъйӣ бархурдор мебошанд. Ҷонибҳо қасд доранд масоили қочоқи маводди мухаддир ва терроризм дар минтақаро баррасӣ кунанд", — зикр кардааст нашрия.

Маблағи умумии кӯмакҳои Ҷопон ба Тоҷикистон $300 миллион шудааст

Ҳамчунин имзои аснод барои ироаи кӯмакҳои Ҷопон ҷиҳати иҷрои тарҳҳои зербаноӣ (инфрасохторӣ) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Зикр мешавад, ки ин нахустин сафари ҳукумати Ҷопон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нӯҳ соли ахир аст, зеро ҳанӯз дар соли 2006 Дзюнитиро Коидзуми, нахуствазири вақти Ҷопон аз кишварҳои минтақа дидан карда буд.

Лентаи хабарҳо
0