ИМА ба Помиру Рашт ба маблағи $60 ҳазор кӯмак кард

© Sputnik / Амир ИсаевАвоқиби селоб дар рустои Бедак
Авоқиби селоб дар рустои Бедак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба осебдидагони селобҳо кӯмаки башардӯстон карданд. Онҳо ба аҳолии водии Рашт ва Бадахшон маводди аввалияи зарурӣ ироъа карданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Кӯмаки башардӯстон ба маблағи 60 ҳазор долларро сафорати ИМА ба сокинони аз селобҳо осебдидаи водии Рашт ва Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ироъа карданд, хабар медиҳад сафоратхона дар баёнияи худ.

Авоқиби селоб дар рустои Бедак - Sputnik Тоҷикистон
Чин ба Тоҷикистон ба маблағи $1,6 млн кӯмаки башардӯстона мекунад

"Ин кӯмак ҳомили маводди аввалияи зарурие мебошад, ки ҳукумати Тоҷикистон онро матраҳ кардааст. Ин кӯмак бо дарназардошти дархости Тими вокуниши сареъ дар ҳолатҳои фавқуллода, ки аз намояндагони ҳукумат, ниҳодҳои имдодгарон ва созмонҳои ғайридавлатӣ иборат аст, таҳия шудааст", — омадааст дар хабар. 

Сафоратхона кӯмаки 50 ҳазор доллариро ба бахши кӯмакҳо дар ҳолатҳои изтирории Бунёди Оқохон ва созмони FOCUS барои тавзеъи минбаъдаи маводди хоб, болинҳо, болиштҳо, катҳои хоб ва маводди дигари зиндагӣ ироъа кард.

Сафоратхона ба ҷамоъатҳои водии Рашт боз ба маблағи 10 ҳазор доллар маводди зарурии аввалия тавзеъ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0