Ироаи 22 нақлиёти ҳомили кӯмакҳо аз Қирғизистон ба ҶТ

© Sputnik / Андрей СтенинХалтаи орд. Акс аз бойгонӣ
Халтаи орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёрии башардӯстонаи ҷониби Қирғизистон, ки аз сӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи он кишвар амалӣ мешавад, аз масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ ва дигар ашёи мавриди ниёзи аввалия иборат аст ва ба хонаводаҳои осебдидагон ироа мегардад.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Субҳи рӯзи якшанбе кӯмаки башардӯстона дар ҳаҷми се миллион соми қирғизӣ (муодил ба 300 ҳазор сомонӣ) аз Қирғизистон ба Тоҷикистон расид, иттилоъ медиҳад ОИ CA-Nеws.

Кумаки башардӯстонаи ҷониби Қирғизистон, ки аз сӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар амалӣ мешавад, аз масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ ва дигар ашёи мавриди ниёзи аввалия иборат аст. Он тариқи 22 автомашинаи махсуси ВМ, ВҲФ ва ВКД Қирғизистон ба Тоҷикистон оварда шуд.

Авоқиби селоб дар рустои Бедак - Sputnik Тоҷикистон
Чин ба Тоҷикистон ба маблағи $1,6 млн кӯмаки башардӯстона мекунад

Ёрии башардӯстона аз анборҳои захираҳои давлатии Қирғизистон ҷудо гардида, аснои ҷамъоварии кӯмакҳо вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳукуматҳои шаҳрҳои Бишкеку Ӯш, инчунин ашхоси алоҳида мусоидат карданд.

Қирғизистон кишвари дувум аст, ки ба Тоҷикистон ба манзури рафъи паёмадҳои офати табиӣ кумак мекунад. Қабл аз ин, ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 10 миллион юан кӯмаки башардӯстона ироа карда буд.

Дар пайи селу офати табиии рӯзҳои 16 — 23 июли соли равон дар шарқи Тоҷикистон 8 нафар қурбон шуда, селҳои харобиовар ба иқтисоди ҷумҳурӣ хисороти сангин ворид кард.   Тибқи иттилоъи расмӣ зарари воридшуда ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба 600 миллион сомонӣ (муодили тақрибан 100 миллион доллар) мерасад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ аз кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ расман кӯмак хост.   

Лентаи хабарҳо
0