ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби озмун ва ҷашнвораи "Палав" беҳтарин ошпази кишварро мушшахас мекунанд, хабар медиҳад сомонаи вазорати фарҳанги ҶТ.
Ба ғолиби озмун ҷоизаи аслӣ — "Кафгири тиллоӣ" тақдим мешавад.
Марҳилаи нахустини ин озмун то 10 август дар куллияи шаҳрҳо ва навоҳии кишвар анҷом мешавад. Дар пайи ин амр беҳтарин ошпазҳои палав барои ширкат дар даври ниҳоӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ мешаванд.
"Даври ниҳоӣ аз чанд марҳила иборат аст: озмуни сабзирезакунӣ, беҳтарин палав, ошпази беҳтарин, хони беҳтарин, беҳтарин либоси ошпас, рақси беҳтарини ошпаз, беҳтарин суруди ҳаҷвӣ дар бораи палав ва беҳтарин намоишнома дар бораи палав", — омадааст дар хабари вазоратхона.
Даври ниҳоии озмун дар Душанбе дар охирин рӯзи якшанбеи моҳи август баргузор мешавад.
Ба ҷуз аз ҷоизаи асли — "Кафгири тиллоӣ" — дастандаркорон дар сададанд ба ҳар як навари ширкаткундаи даври ниҳоӣ ҷавоизи гарон ва санади таъйидӣ тақдим кунанд.