ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ширкати Google ба хатмкардаи мактаби муштараки тоҷикиву русӣ "Ҳотам ва П.В" Меҳрубон Тӯраеви 18-сола баъд аз он таваҷҷӯҳ кард, ки вай дар Олимпиадаи 27-уми Байналмиллалии барномасозии IOI дар миёни хонандагони шаҳри Алмаато нишони биринҷӣ дарёфт кард.
Расонаҳои Тоҷикистон ва қисмате аз бузурги корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук барномасози ҷавонро шодбош мегӯянд, аммо дар мусоҳиба бо Sputnik-Тоҷикистон Меҳрубон Тӯраев иқрор шуд, ки расонаҳо бо пахши хабари истихдоми вай барои кор дар ин ширкати бузург каме ҳодисаро пештозӣ кардаанд.
"Ба ман танҳо пешниҳод карданд, ки дар мавриди пайвастан ба тими Google барои таҳияи барнома бипайвандам, аммо ин ба он маънӣ нест, ки маро барои кор истихдом карда бошанд, маро зарур аст, ки чанд марҳилаи бозрасиро паси сар кунам", — тавзеъ дод вай.
Озмуне, ки дар Алмаато баргузор шуду дар он ин ҷавон нишони биринҷӣ дарёфт кард, ба ибтикори ширкати Google созмон дода шуда буд. Тибқи маъмул ба ҷоизадорони ин озмун ширкат истихдом барои корро пешниҳод мекунад.
"Ман нахустин табаъайи Тоҷикистон нестам, ки Google барои кор даъват мекунад. Соли гузашта чунин даъватномаро Абдуқодир Қурбонзода — хатмкардаи мактаби муштараки Тоҷикистону Туркия ба номи Хоҷа Камол дарёфт карда буд", — гуфт вай.
Нахустин компютерро ба Меҳрубон дар 7 солагиаш падараш тақдим карда буд ва замоне, ки вай таҳсилро дар мактаби "Ҳотам ва П.В." оғоз кард, барномасозӣ шуғли аслӣ ва дӯстдоштааш шуд.
Муррабаии барномасози ҷавон дар арсаи компютерӣ Беҳрӯз Афзалӣ шуд, ки нахустин тоҷикистониест, ки дар олимпиадаи барномасозон ширкат карда ҷоизадори мусобиқоти мухталиф шудааст.
Дар олимпиадаи Алмаато Меҳрубон замоне ширкат кард, ки дар синфи нӯҳ таҳсил мекард. Аз он замон бад ин сӯ вай дар кишварҳои мухталиф 10 нишон дарёфт кардааст.
"Дар олимпиадаи охирин дар Алмаато ман бо дарёфти нишони биринҷӣ озурдахотир шудам, вале начандон чахт, зеро дарк мекунам, ки ҳоло ҳама дар пеш аст ва муҳим, ки маро тахмин карданд", — мегӯяд вай.
Дастандаркорон ва илҳомбахшаш барои вай волидайнаш буданд, ҳарчанд соли 2008 падараш фавтида буд. Меҳрубон мегӯяд, ки то ҳол пуштибонии падарашро эҳсос мекунад, зеро маҳз вай барояш ҷоддаи барномасозиро боз кардааст.
"Шояд шавқи барномасозиро ман аз модарам гирифтаам, зеро барномасозӣ бидуни донишҳои риозиёт ғайримумкин аст — модарам ба унвони муҳосиб кор мекунад. Фикр мекунам вай дар арсаи худ яке аз беҳтаринҳост. Волидайни ман — наҷибтарин инсонҳо дар ҳаёти ман мебошанд ва ман ҳамеша талош хоҳам кард, ки баробари онҳо бошам", — эътироф кард вай.
Дар солҳои мухталиф ҷоизадорони олимпиадаи барномасозии IOI дар миёни хонандагони макотиб Афзалӣ Беҳрӯз (2009, "Ҳотам ва П.В.), Михаил Панявин (2011, "Хоҷа Камол"), Абдуқодири Қурбонзода (2013, "Хоҷа Камол") ва Меҳрубон Тӯраев (2015, "Ҳотам ва П.В.) шудаанд.