Дар як рӯз дар Тоҷикистон то 7 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мешавад

© Sputnik / Алексей КуденкоКони истихроҷи ангишт дар Донбасс. Акс аз бойгонӣ
Кони истихроҷи ангишт дар Донбасс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба ҳисоби миёна аз 5 то 7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурӯши ангишту анборҳои корхонаҳои марбута онро харидорӣ намоянд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Аз оғози соли равон то имрӯз истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба 420 ҳазор тонна расидааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 65,8 ҳазор тонна зиёд мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

"Фурӯши ангишт дар ин давра 362 ҳазор тоннаро ташкил додааст",- омадааст дар хабари манбаъ.

Ба иттилоъи вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, ин ниҳод ҷиҳати иҷрои қарори ҳукумат «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» чораҳои заруриро меандешад.

Ҳамзамон барои таъмини "МБГ Душанбе-2", сокинони кишвар, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ва захираи ангишт  то мавсими тирамоҳу зимистон корҳои амалӣ идома доранд.

Истихроҷи шабонарӯзии ангишт дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз 5 то 7 ҳазор  тоннаро ташкил медиҳад, муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурӯши ангишту анборҳои корхонаҳои марбута онро харидорӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0