Таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”

© Sputnik / Дмитрий АстаховҚоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ
Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”-ро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат ирсол кардааст.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ"-ро дар таҳрири нав таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумати кишвар ирсол кардааст, менависад АМИТ Ховар.

Ҷаласаи Шӯрои машвартӣ 7 август зери раёсати сарвазар Қоҳир Расулзода доир шудааст.

Лоиҳаи қонун "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" бо назардошти талаботи меъёрҳои байналмилалии бима ва тавсияҳои коршиносони байналмилалии соҳа таҳия гардидааст.

Дар ин ҷаласа барои рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Биржаи фондии Осиёи Марказӣ" ба сифати  биржаи фондӣ тавассути низоми "Равзанаи ягона" ба қайд гирифта шуда, барои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва мусоидат ба содироткунандагони маҳсулоти ватанӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Бюрои миллии хизматрасонӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии талаботи техникии тиҷорат ва меъёрҳои санитарию фитосанитарӣ таъсис шудааст.

Дар интиҳои ҷаласа Қоҳир Расулзода аъзои Шўрои машваратӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва дигар масъулонро барои иҷрои нақшаю чорабиниҳо ва қарору тавсияҳои ҷаласаи навбатии Шӯро вазифадор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0