ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Барои таъмини сокинони Душанбе ва Хуҷанд бо гармии мунназам ҳадди ақал $175 млн. зарур аст ва дар миқёси кишвар ин рақам эҳтимол дорад даҳ маротиба афзоиш ёбад, зикр шудааст дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ.
Бонки ҷаҳонӣ пажӯҳишеро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд зери унвони "Ҳифзи гармӣ: Навҳаҳои таъмини гармии шаҳрҳои Тоҷикистон" анҷом дода зикр мекунад, ки ба далели адами дастрасӣ ба низоми воҳиди гармӣ Тоҷикистон кишваре унвон мешавад, ки дар он ҷо масрафи бештари нерӯи барқ мушоҳида мешавад.
"Дар Душанбе ва Хуҷанд дар фасли сармо 20-30% ниёзҳо барои гармӣ дар манозили маскунӣ ва биноҳои маъмурӣ ба далели камбуди таъмини гармӣ ва нерӯи барқ бароварда намешавад", — зикр шудааст дар пажӯҳиш.
Дар пайи бадтар шудани низоми воҳиди таъмини гармӣ ҳудуди 50% сокинони шаҳрҳо барои гарм кардани манозили худ танҳо ба нерӯи барқ умедворӣ доранд, ки мавзӯъи камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли сарморо печидатар месозад.
Ба далели маҳдудияти интихоби анвои маводди сӯхтӣ ва адами низоми таъмини воҳиди гармӣ ё таъмини нерӯи барқи мустақил беш аз сеяки сокинони шаҳрӣ аз таҷҳизоти ғайримуосир ва олудакунандаи муҳити зист — оташдонҳо истифода мекунанд, ки онҳо аз сӯхтани ангиштсанг ва ё таппак гармӣ медиҳанд.
"Чунин мизони баланди бастагӣ аз маводди сӯхтии сангин ва фанновариҳои ғайримуосири гармидиҳӣ ба он мунҷар шуданд, ки Тоҷикистон ба феҳрасти бисту панҷ кишваре шомил шуд, ки аз бемориҳои марбут ба олудагии ҳаво дар дохили маскан азият мекашад", — муътақиданд дар БҶ.
Тибқи арзёбии пажӯҳишгарон барои таъмини мунназами гармӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд барои ду соли оянда $175 миллион ва барои дарозмуддат ҳудуди $700 миллион зарур аст.
Ҳамасола дар фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон маҳдудият ё реҷаи интиқоли нерӯи барқ дар навоҳӣ, рустоҳо ва манотиқи аҳолинишини кӯҳистонӣ роҳандозӣ мешавад. Далели ин амр коҳиши тавлидоти нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои кишвар унвон мешавад. Дар фасли сармо ба далели коҳиши маҷрои оби рӯдхонаҳо нерӯгоҳҳои кишвар наметавонанд миқдори зарурии нерӯи барқ тавлид кунанд.