ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазири мудофиаи Фаронса Жан-Ив Ле Дриан тасмими ҳукумат дар мавриди баргардонидани пешпардохтҳои қарорди сохтмону содироти киштиҳои чархболнишинро бо маблағӣ камтар аз 1,2 млрд. евро тасдиқ кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.
"Нархи аввалияи сохтмони ду киштӣ 1,2 млрд. евроро ташкил медод. Бозгардонидани маблағ тибқи созишномаи нав… камтар хоҳад буд, зеро ин маболиғ ба Русия ҳамроҳ бо ӯҳдадориҳои молиявӣ дода мешаванд",- гуфт вазир аснои сӯҳбат дар эфири радиои RTL.
Ба қавли Ле Дриан, маблағи аниқ дар асоси шартнома дар парлумони Фаронса баррасӣ хоҳад шуд ва ин санад бояд аз ҷониби ҳар ду давлат тасвиб шавад.
Чанде қабл раиси ҷумҳури Фаронса дар дидор бо хабарнигорон гуфт, қасд дорад дар мавриди "пеш бурдан" ва ё лағви қарордоди киштиҳои чархболнишин тасмим бигирад.
Қарордоди харидории ду киштии чархболнишини навъи "Мистрал" миёни ширкати фаронсавии DCNS/STX ва Рособоронэкспорт дар соли 2011 имзо шуда буд.
Фаронса муваззаф шуда буд, ки киштии нахустини "Владивосток"-ро дар моҳи ноябри соли гузашта дар ихтиёри Русия қарор бидиҳад, вале ин амр сурат нагирифт. Ҳамакнун Федератсияи Русия аз Фаронса интизори судури ин киштиҳо ва ё бозпардохти қиммати онҳоро интизор аст.