Маркин: нозири минтақавӣ баъд аз қатли кӯдакон боздошт шуд

© Sputnik / Александр Воложанин / Гузариш ба медиабонкМаъмурони пулис дар назди биное дар Нижний Новогород, ки дар он ҷо кӯдакони кушташуда ошкор шудаанд
Маъмурони пулис дар назди биное дар Нижний Новогород, ки дар он ҷо кӯдакони кушташуда ошкор шудаанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аҷсоди резашудаи шаш кӯдак ва модари онҳо дар утоқе дар шаҳри Нижний Новгород 4 август пайдо шудаанд. Қотили эҳтимолӣ – падари ин хонадон Олег Белов аз сӯйи маъмурони пулис боздошт шуда дар бемористон қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Яке аз нозирони минтақавии ноҳияе дар Нижний Новгород дар робита ба бемасъулиятӣ баъд аз қатли шаш кӯдак ва модари онҳо боздошт шудааст, хабар медиҳад РИА Новости рӯзи чаҳоршанбе бо истинод ба намояндаи расмии Кумитаи таҳқиқотии ФР Владимир Маркин.

"Кумитаи таҳқиқотӣ алайҳи панҷ нафар маъмури пулис, ки бемасъулиятии онҳо ба қатли оммавӣ мунҷар шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст", — омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи Маркин, бозрасон таҳқиқи парванда алайҳи раиси бахши пулиси ноҳиявӣ Александр Волчак ва муовинаш Вячеслав Никитин, раҳбари бахши ин ниҳод Виктор Миллер ва нозирони минтақавӣ Дмитрий Обливин ва Владимир Филимонов, ки ба бемасъулиятӣ ва дар ниҳоят сабаби бидуни иртиботи ду ва ё афроди бештар шудаанд, идома медиҳанд.

Маҳкумшуда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Марде, ки хонуму фарзандонашро қатл кардааст, ба ҳукми абад маҳкум шуд

"Феълан бозрасон тасмим гирифаннд муттаҳам Дмитрий Обливинро боздошт кунанд. Тибқи натоиҷи муқаддамотии таҳқиқот, дар маводди бозрас, ки онро нозири минтақавӣ Обливин анҷом додааст, тавзеъоти хонуми Белов вуҷуд дорад, ки дар он бо дасти худ навиштааст, ки шавҳараш таҳдид кардааст, ки фарзандонашро қатл карда аҷсоди онҳоро реза мекунад. Маҳз Обливин дар ин замина ҳеҷ иқдомоте рӯйи даст нагирифтааст", — омадааст дар хабар.

Ба иддаъои бозрасон аз моҳи октябри соли 2014 то моҳи июли соли 2015 ба бахши пулиси №5 раёсати ВКД Русия дар шаҳри Нижний Новгород мукарраран муроҷиаҳои хонуми Белов дар бораи аъмоли авбошии шавҳараш — муштзании аъзои хонавода, таҳдидоти қатл ва реза кардани аҷсод, аз ҷумла унвонии кӯдакони хурдсол ворид шудаанд.

Намояндаи Кумитаи таҳқиқотӣ зикр кард, ки иддаъоҳои дар аризаҳо зикр шуда тӯли моҳҳо бидуни бозрасӣ мондаанду нозирони минтақавӣ бо ризоияти раҳбаронашон барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ тасмими содир мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0