https://sputnik.tj/20150727/1016153226.html
Марде, ки хонуму фарзандонашро қатл кардааст, ба ҳукми абад маҳкум шуд
Марде, ки хонуму фарзандонашро қатл кардааст, ба ҳукми абад маҳкум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ниҳодҳои интизомӣ Баҳром Юлдошевро дар моҳи феврали соли 2015 дуруст баъд аз он, ки дар манзилаш аҷсоди хонуму ду фарзанди ноболиғашро пайдо карда буданд... 27.07.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-07-27T11:54+0500
2015-07-27T11:54+0500
2021-04-19T16:18+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101455/13/1014551363_0:70:1600:975_1920x0_80_0_0_77febb77f6fc08eab8daf1534efa2d1e.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101455/13/1014551363_0:20:1600:1025_1920x0_80_0_0_9139719d8d4f51b373f43e8a0781e7f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, рамазон раҳимзода, баҳром юлдошев, вкд, ҳукми абади қотил, зану фарзандашро кушта буд
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, рамазон раҳимзода, баҳром юлдошев, вкд, ҳукми абади қотил, зану фарзандашро кушта буд
Марде, ки хонуму фарзандонашро қатл кардааст, ба ҳукми абад маҳкум шуд
11:54 27.07.2015 (Навсозишуда: 16:18 19.04.2021) Ниҳодҳои интизомӣ Баҳром Юлдошевро дар моҳи феврали соли 2015 дуруст баъд аз он, ки дар манзилаш аҷсоди хонуму ду фарзанди ноболиғашро пайдо карда буданд, боздошт карданд.
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сокини 38 солаи Конибодом Баҳром Юлдошев ба иттиҳоми қатли хонум ва ду фарзандаш ба ҳукми абад маҳкум шудааст, менависад хабаргузории Авеста бо истинод ба вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода.
Ин мард дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ дуруст баъд аз он ки дар манзилаш аҷсоди Дилором Эргашева ва фарзандонаш — Нурмуҳаммад Юлдошеви 13 сола ва Зарина Юлдошеваи 8 сола бо нишонаҳои марги иҷборӣ пайдо шуданд, боздошт шуда буд.
Ба гуфтаи вазир, ин мард дар пайи муноқишаи хонаводагӣ хонуму фарзандонашро бо зарби табар куштааст.
"Дар пайи муноқишаҳои хонаводагӣ дар 1,5 соли ахир дар кишвар 20 ҷинояти мушобеҳ сабт шудаанд. Ва 15 чунин ҷиноёт дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ рух додаанд", — гуфт вазир ба хабарнигорон дар нишасти матбуъотии рӯзи шанбе.
Ба гуфтаи вай куллияи 20 мавориди қатли дар вилоёти Суғду Хатлон, навоҳии тобеъи марказ ва шаҳри Душанбе рух додаанд.