ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хабарҳо дар мавриди ташкили "ҳаҷҷи хайриявӣ"-ро такзиб кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.
"Ҳеч гуна ҳаҷҷи хайриявӣ аз ҷониби афроди алоҳида ташкил нашудааст ва хабарҳо дар мавриди сафарбаркунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ бо ин шева асос надоранд",- омадааст дар баёнияи ин ниҳод.
Ба қавли масъулини кумита, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар маросими "Ҳаҷ-2015" танҳо тавассути ин ниҳод имконпазир аст. "Арабистони Саудӣ танҳо ба мақомоти давлатии танзимкунандаи сафари зоирон ба ҳаҷҷ иҷозаи сафарбарнамоии ҳоҷиён ба мавсими ҳаҷҷро додааст".
Манбаъ менависад, дар Тоҷикистон танҳо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳаққи ташкили ҳаҷ ва сафарбарнамоии зоирон ба Хонаи Худоро дорад.
Кумитаи дин ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки ба чунин овозаҳои дурӯғин бовар накунанд, то ба доми фиреби қаллобон наафтанд.
Ҳаҷҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом буда, барои ҳар мусалмони ӣа камолрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳар сол аз Тоҷикистон қариб шаш ҳазор ва бештар аз барои зиёрати Хонаи Худо ба Маккаи муккарама мераванд.