Раҳбари “Роснефт”: Русия бо камбуди бензин мувоҷеҳ мешавад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкМаркази бензинпуркунӣ. Акс аз бойгонӣ
Маркази бензинпуркунӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Игор Сечин дархост дорад, ки барои бозсозии зарфиятҳои корхонаҳои полоиши нафт имтиёзоти молӣ ихтисос шаванд, то онҳо тавонанд тавлидоти маводди сӯхтиро афзоиш бидиҳандю, вагарна Русия бо камбуди бензин мувоҷеҳ шуда ин амр ба муштариён дар Тоҷикистон ва Қирғизистон низ таъсир хоҳад гузошт.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пешбиниҳои марбут ба камбуди бензини қарибулвуқӯъ дар Русия дар номаи раҳбари "Роснефт" Игор Сечин унвонии раиси ҷумҳури ФР Владимир Путин матраҳ шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Агар мизони феълии масрафи бензин боқӣ монаду ба арсаи полоиши нафт имтиёзоти андозӣ ихтисос нашаванд, камбуд ва дар пайяш болоравии қиммати бензинро бояд то авоили соли 2017 интизор шуд.

Аз номаи раиси "Роснефт" чунин бармеояд, ки ин амр ба пайёмадҳое назири таъвиқи комили тарҳҳои бозсозии корхонаҳои полоиши нафти ширкатҳои бузурги нафтӣ ва ё ба дарозо кашидани онҳо мунҷар мешавад.

Қатори ҳомили маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон содироти маводди сӯхтиро маҳдуд кард

"Сечин пешниҳод дорад, ки чанд имтиёзи ҷадид андозӣ ба унвони ҷуброни пайёмадҳои ногувори амали андозӣ ба арса роҳандозӣ шаванд. Дар миёни онҳо ҷуброни судҳои қарзҳо барои сармоягузории тарҳҳои бозсозии корхонаҳои полоиши нафт ба ширкатҳое, ки ин тарҳҳоро идома медиҳанд", — омадааст дар хабар.

Ба эътиқоди Сечин ба арса ҳамчунин таътилоти андозӣ дар бахши таруфаҳои содиротӣ барои маводди сӯхтӣ вобаста ба умқи полоиши он ва ё бозбинии ин таруфаҳо вобаста ба навъи бензини тавлидшуда мусоъидат хоҳанд кард.

Раҳбари бузургтарин ширкати нафти Русия ҳамчунин пешниҳод дорад, ки ин пешниҳодот дар ҷаласаи кумиссиюни раёсати ҷумҳурӣ дар умури энерживу маводди сӯхтӣ (ЭМС), ки дар моҳи октябр баргузор мешавад, баррасӣ шаванд.

Қатор дар терминали роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 14% коҳиш ёфтааст

Бояд зикр кард, ки камбуди маводди сӯхтӣ дар Русия метавонад мустақиман ба коҳиши содироти маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон мунҷар шавад, ки ин ду кишвар воридкунандаи комили маводди сӯхтӣ мебошанд.

Русия беш аз 80% воридоти маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон таъмин мекунад ва қимматҳои содиротии корхонаҳои полоиши нафти Русия ба арзиши ин маводд дар ҷумҳурӣ асар мегузоранд. Қирғизистон бошад аз ду соли қабл 100% маводди сӯхтиро танҳо аз Русия ворид мекунад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон 282,8 ҳазор тонна маводди сӯхтӣ ворид кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соле кабл 14% камтар аст.

Тибқи тавофуқоти миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ бояд 830 ҳазор тонна маводди сӯзишворӣ аз ин кишвар ворид карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0