ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Рӯзи Шашмақом 12 май бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе таҷлил шуд, менависад сомонаи расмии президент.
Бахшида ба ин ҷашн дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерт баргузор гардид.
Дар зимн ҳунармандони ансамбли давлатии Шашмақом ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли давлатии Фалак, гуруҳҳои рақсии Гулрез, Лола, Филармония давлатии Тоҷикистон ва дигар санъаткорон ҳунарнамоӣ кардаанд.
Сомонаи расмии президент менависад, Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди барномаи ҳунарӣ ба маҳорати санъаткорон баҳои баланд дода, ҳамзамон барои таъмини рушду такомули бештару беҳтари Шашмақом, аз ҷумла интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон дастур додааст.
Шашмақом аз зумраи санъатҳои волои миллати тоҷик аст, ки соли 2000-ум дар феҳрести кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва сармояи ғайримодии ЮНЕСКО сабт шудааст. Шашмақом аз мақомҳои бузрук, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шудааст.
Бори аввал Шашмақомро ҳунармандони тоҷик Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев ба шакли нота сабт кардаанд. То ин вақт Шашмақом ба тарзи шифоҳӣ маъруф буд.
Бобоқул Файзуллоев, Боймуҳаммад Ниёзов, Шоҳназар Соҳибов Барно Исҳоқова, Мастона Эргашова, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Фазлиддин Шаҳобов, Шоиста Муллоҷонова, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Шариф Бобокалонов ва дигарон аз устодон ва беҳтарин сарояндагони Шашмақом дониста мешаванд.