ВАО: авзоъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ором аст

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкРустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар шимоли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар шимоли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар навоҳии наздимарзӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, пас аз даргириҳои рӯзҳои 3-4 август вазъ дар манотиқ ором аст.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пас аз зӯҳри 4 август то субҳи имрӯз дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон вазъият ором аст, менависад Sputnik Киргизстан.

Аллакай шоми сешанбе одамон пароканда гардида, ба хонаҳояшон рафтанд, қайд мешавад дар хабари манбаъ бо такя ба суханони раиси ҷамоати Кок-Тош Роза Осорова. Марзбонон ба реҷаи шадиди назорати сарҳад шурӯъ карданд.

"Дар макони ҳодиса намояндагони мақомоти интизомӣ қарор доранд. Вазъ нисбатан ором аст",- афзудааст Осорова.

Дар минтақаи ҳаммарзи Исфара низ авзоъ мӯътадил аст, менависад ОИ Азия-Плюс. Дар ин бора ба оҷонсӣ як манбаъ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, хабар додааст.

Ҳамзамон, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Исфара Муртазо Олимов ба радиои Озодӣ гуфт, шаб дар минтақаи низоъ миёни аҳли деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи Тоҷикистон ва Кок-Тоши Қирғизистон ором гузашта, ҳоло сокинони ҳарду ҷониб мунтазири натиҷаи гуфтушуниди ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Қирғизистонанд. Ба қавли ӯ,  ин мулоқот дар маҳалли муноқиша дар деҳаи Сомониён бо омадани намояндагони ҷониби Қирғизистон баъди зӯҳри имрӯз оғоз мешавад. Дар ҳамин ҳол, аз раёсати сарҳадбонии Тоҷикистон хабар доданд,ки ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати муовини фармондеҳи неруҳои марзбонӣ генерал Раҷабалӣ Пираков дар ин музокирот ширкат хоҳад кард.

"Феълан корҳои барои кашидани лулаи об аз дарёи Исфара ба ин деҳа мутавақиф карда шуд ва мебинем,ки натиҷаи ин мулоқот чӣ хоҳад шуд",- илова кардааст Муртазо Олимов. муовини раиси ҳукумати ноҳияи Исфара.

Рӯзи сешанбе дар марзи Тоҷик5истону Қирғизистон воқеъ дар ноҳияи Исфара ва ҳамсарҳад бо ноҳияи Ботканд даргирӣ миёни сокинони рустоҳои Сомониён ва Кок-Тош ба вуқӯъ пайваста, ҷонибҳо ҳамдигарро дар сар задани ин моҷаро муттаҳам медонанд.

Тафсилоти бештари Sputnik-ро дар ин бора аз ин нишонӣ мутолиа карда метавонед>>

Лентаи хабарҳо
0