Ваъдаи раиси ҷумҳури эҳтимолии ИМА: ба Путин посух медиҳам

© AP / Jim ColeЛиндси Грэм. Акс аз бойгонӣ
Линдси Грэм. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сенатор Линдси Грэм, ки бо изҳоротҳои зиддирусии хушунатомезаш шӯҳрат дорад, ваъда дод, ки ба Русия ва Чин “посухи муносиб” дода “НАТО-ро” таҷдид менамояд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Номзад ба мақоми раиси ҷумҳури ИМА сенатор аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Линдси Грэм дар сурати пирӯзиаш дар интихобот омода аст Украинаро мусаллаҳ сохта ба Владимир Путин даъво кунад, менависад  РИА Новости бо истинод ба маҷаллаи амрикоии The Week.

Дар ин бора Грэм зимни суханронӣ дар музокироти телевизионии "Анҷумани нахустини интихобкунандагони раёсати ҷумҳурӣ" изҳори назар кардааст. "Сиёсати хориҷии ман ин аст — мушт ва дасти сахӣ", — тавзеъ дод вай.

Грэм раиси ҷумҳури феълӣ Барак Обамаро президенти заиф номида изҳор дошт, ки дар сурати пирӯзиаш дар қиболи Русия сиёсати дигареро рӯйи даст мегирад.

Фармондеҳи нерӯи ҳавоии ИМА: “Русия бузургтарин хатар аст”

Вай тавзеъ дод, ки "бо истифодя аз куллияи захойири гази табиӣ дар ИМА истифода карда" онро бояд ба Аврупо содир кард, то бад ин тартиб "инҳисороти Путиниро аз байн бубарад".

Сенатори ҷумҳурихоҳ ҳамчун қавл дод, ки ба Чин низ "посухи муносиб" дода аз Билл ва Хиллари Клинтон интиқод карду тасмими худ барои "таҷдиди НАТО"-ро иброз дошта зикр кард, ки ба эътиқодаш ИМА "Юнон табдил мешавад".

Сенатор Линдси Грэм, ки бо изҳоротҳои зиддирусии хушунатомезаш шӯҳрат дорад, яке аз номзадҳои ҷумҳурихоҳонест, ки қасд дорад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад.

Номзади дигари ҷумҳурихоҳон Рэнд Пол дар ин музокироти телевизионӣ изҳор дошт, ки дар сурати пирӯзиаш қасд дорад нахустин сафарҳои расмии худро ба Русия ва Чин анҷом бидиҳад. Ба гуфтаи вай аз иқтисоди дар ҳоли рушди ин ду кишвари абарқудрат набояд нодида гирифт.

Лентаи хабарҳо
0