Оғози мурофиаи додгоҳии Бобак Занҷонӣ дақиқ хоҳад шуд

© SputnikАкси Бобаки Занҷонӣ дар саҳифаи расмии вай дар Facebook
Акси Бобаки Занҷонӣ дар саҳифаи расмии вай дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бобак Занҷонӣ, тоҷири эронӣ аст, ки барои дар суратҳисоби шахсиаш нигаҳ доштани дороиҳои Вазорати нафти Эрон муҳокима мешавад. Вай дар Тоҷикистон низ сармоягузорӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ғуломҳусайн Муҳсини Эжаӣ, сухангӯи нерӯи қазоии Эрон эълом кардааст, аввалин ҷаласаи додгоҳии тоҷири эронӣ — Бобак Занҷонӣ аввалҳои моҳи октябр баргузор хоҳад шуд, менависад хабаргузории "Озодагон".

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ даст доштанашро дар қазияи Занҷонӣ рад мекунад

Эжаӣ дар нишасти хабарии рӯзи душанбеи 3 август гуфтааст, феълан вакилон дар ҳоли мутолиаи парванда ҳастанд ва қозии парванда ба вакилон тавсия карда, вақти бештареро барои ин кор бигзоранд,

"То битавонем зудтар додгоҳро дар чанд ҷаласае, ки лозим бошад дунбол кунем ва ба натиҷа бирасем", — гуфтааст Эжаӣ.

Бино ба иттилои расонаҳои Эрон, сухангӯи қувваи қазоӣ дар мавриди дидори намояндагони маҷлис бо Бобак Занҷонӣ гуфтааст.

Бобак Занҷонӣ, тоҷири эронӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт шуд. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и ду миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.

Теҳрон - Sputnik Тоҷикистон
Теҳрон бахше аз дороиҳои Занҷониро дар Тоҷикистон пайдо кард

Қаблан Ҳусайн Деҳдаштӣ, узви кумитаи пайгирии парвандаи Бобак Занҷонӣ ба рӯзномаи "Шарқ" гуфта буд, ки аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои ин миллиардери боздоштшуда дар Тоҷикистон аст. Як намояндаи дигари мақомоти он кишвар изҳор дошта буд, ки Занҷонӣ ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 3 миллион доллар пора додааст.

Аммо Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба иддаи мақомоти Эрон гуфт, ҳеч кормандаш аз Занҷонӣ пора нагирифтааст.  

Лентаи хабарҳо
0